Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эшони Сироҷиддин дар куҷост?


Эшони Сироҷиддин ба иттиҳоми узвият дар ҷараёни тозапайдои “Салафия” боздошт шудааст

Эшони Сироҷиддин ба иттиҳоми узвият дар ҷараёни тозапайдои “Салафия” боздошт шудааст

Эшони Сироҷиддин, ки бо мавъизаҳои ба истилоҳ “оташин”-аш миёни ҷавонон аз маҳбубияти хоc бархӯрдор буд, ду моҳ аст, дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад.

Хонуми ӯ бидуни бурдани номаш дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки Эшони Сироҷиддинро дар ин боздоштгоҳ писари нӯздаҳсолааш Киромиддин низ ҳамроҳӣ мекунад.
Алайҳи онҳо парванда боз шудааст ва таҳқиқи ин парвандаҳоро Кумитаи амнияти миллӣ таҳти назорат дорад...

Эшони Сироҷиддин ва гурӯҳе аз намозгузорони масҷиди маҳаллаи “Зарафшон” дар шаҳри Душанберо моҳи июн дар пайи як амалиёти муштарак маъмурони амниятӣ ва полис ба иттиҳоми узвият дар ҷараёни тозапайдои “Салафия” боздошт карда буданд.

Хонуми Эшони Сироҷиддин, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод, гуфт, дар тӯли ин муддат вай ҳамагӣ як бор бо шавҳар ва писараш дидор кардааст: “Ман ҳамагӣ як бор шавҳар ва писарамро дидам. Мехоҳам, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон, дар ин моҳи муборак шавҳар ва писарамро раҳо кунанд. Ман аз дидори писарам сер нашудаам…”

Хонуми Эшони Сироҷиддин ҳамчунин даъвои мақомот дар баробари шавҳарашро, ки мегӯянд, пайрави ҷараёни “Салафия” ё ба қавли дигар “салафӣ” будааст, радд кард. Ба гуфтаи вай, шавҳару писараш узви ҳеҷ гурӯҳе набуда, бегуноҳанд ва танҳо сокинонро барои намозгузорӣ ва хидмат дар роҳи дини Ислом даъват кардаанд: “Домуллои мо гуноҳ надорад. Домуллои мо бегуноҳ аст. Домуллои мо ҷавононро насиҳат мекард, ки нашъа накашед, падару модарро ҳурмат кунед ва аз роҳи бад гардед. Модари шавҳарам мариз аст ва мехоҳад, ки фарзандашро бубинад. Ман ҳам мехоҳам, ки шавҳару писарамро бубинам. Илтимос, онҳоро озод кунед, онҳо гуноҳ надоранд”.

Талоши мо то ин лаҳза барои дарёфти ахбори бештар дар бораи сарнавишти Эшони Сироҷиддин ва ҳамроҳони ӯ, аз Кумитаи амнияти
Онҳо барои он ки қарори расмии Додгоҳи олӣ дар бораи манъи фаъолияти пайравони ин ҷараёни тозапайдоро риоя накардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд
миллӣ бидуни натиҷа буд. Вале дар нишасти ахири матбуотияш дар моҳи июл Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки алайҳи бархе аз аъзои фаъоли ин гурӯҳ, ки ба иттиҳоми салафӣ боздошт шудаанд, парванда боз шудааст ва таҳқиқи он идома дорад: “Алайҳи онҳо парванда боз шудааст ва таҳқиқи ин парвандаҳоро Кумитаи амнияти миллӣ таҳти назорат дорад. Онҳо барои он ки қарори расмии Додгоҳи олӣ дар бораи манъи фаъолияти пайравони ин ҷараёни тозапайдоро риоя накардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Аммо на ҳамаи онҳо боздошт ва нигаҳдорӣ мешаванд. Танҳо бархе аз аъзои фаъоли онон боздошт шудаанд”.

Абдураҳим Қаҳҳоров низ аз шарҳи бештар дар ин бора худдорӣ варзид ва рӯшан нагуфт, ки алайҳи чанд нафар ва кадоме аз онҳо парванда боз шудааст. Хонуми Эшони Сироҷиддин ҳам мегӯяд, дар бораи вазъи кунунии шавҳару писараш ва боз шудан ё нашудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо бехабар аст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ахиран аз манзили зисти онҳо бештар аз дусад адабиёти мазҳабиро, ки Эшони Сироҷиддин ҷамъоварӣ карда будааст, ба Кумитаи амнияти миллӣ бурдаанд. Вай мегӯяд, танҳо дар як ҳафта се бор имкон дорад, ки ба шавҳар ва писараш маводи ғизоӣ бараду тамом.

Бо ин ҳол, боздошти рӯҳонии маъруф Эшони Сироҷиддин дар ҷомеаи мусулмони Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро дар пай доштааст. Зеро то кунун салафӣ ва ё ғайрисалафӣ будани ӯро касе рӯшан намедонад. Ҳамчунон ки коршиносони умури мазҳабӣ мегӯянд, ӯ дар мавъизаҳояш расман аз вуҷуд ва ҳузури салафиҳо пуштибонӣ накардааст.

Эшони Сироҷиддин чилу се сол дорад ва дар ноҳияи собиқ Хоҷамастон ва ҳоло Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соҳиби се фарзанд аст хонумаш мегӯяд, ки вай дар ягон мадрасаи динии кишварҳои хориҷ таҳсил накарда, таълимоти диниро ба таври худомӯз дар шаҳри Душанбе ёд гирифтааст.

То замони боздошташ дар масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи “Зарафшон”-и Душанбе Эшони Сироҷиддин ба ҳайси имом фаъолият мекардааст. Ва боздошти ӯву ҳамроҳонаш, ки чиҳил нафар гуфта мешаванд, нахустин боздошти гурӯҳи салафиҳо пас аз манъи расмии он аз сӯйи Додгоҳи олӣ дар оғози соли ҷорӣ мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG