Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Mercedes S-600 ба президенти маҷрӯҳи Ингушистон


Президенти маҷрӯҳи ҷумҳурии Ингушистон соҳиби мошини нави зиреҳпӯш мешавад, ки қимати он ба 500 ҳазор доллар баробар аст. Калоӣ Охилгов сухангӯи президенти Ингушистон мегӯяд, мошини Mercedes S-600 мунтазири бозгашти президент Юнусбек Евкуров ба Ингушистон аст. Ӯ афзуд, ки нархи мошинро ҳукумати федералии Русия пардохт намудааст. 22-уми июн корвони мошинҳои Евкуров мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Тахмин мешавад, ки то охири моҳи равон табобати Евкуров ба анҷом расида, ӯ ба Ингушистон бармегардад.
XS
SM
MD
LG