Пайвандҳои дастрасӣ

Киштии бе ному нишон шуда дар Африқо будааст


Киштии "Arctic Sea"-и зери парчами Малта, ки ду ҳафта пеш бо маллоҳони рус бе ному нишон шуда буд, дар наздикиҳои ҷазираҳои Капе Вердеи соҳилҳои ғарбии Африқо қарор доштааст. Фармондеҳ Ҷером Баро-сухангӯи нерӯҳои баҳрии Фаронса иброз дошт, ки ҳавопаймои Португалия дар рӯи киштӣ парвоз кардааст. Киштии "Arctic Sea", ки 23 июл Финландияро тарк намудааст, баъди убур аз Ла Манш аз радарҳо гум шуд. Киштиҳои ҷангии Русия "Arctic Sea"-ро дар уқёнуси Атлантик ҷустуҷӯ доштанд. То кунун маълум нест, ки киштиро роҳзанҳои баҳрӣ ба асорат гирифтаанд, кадом ҳисобу китоби мафия аст ва ё баҳси тиҷорӣ?
XS
SM
MD
LG