Пайвандҳои дастрасӣ

Каррубӣ дар бораи шиканҷаи маҳбусон тавзеҳ дод


Раҳбари мухолифини эронӣ Маҳдии Каррубӣ мегӯяд, нозирони маҳбас як идда афродеро, ки дар паи эътирозҳои баъди интихоботии ин кишвар боздошт шуда буданд, маҷбур карданд мисли ҳайвони чорпо ҳаракат кунанду худи нозирон рӯи онҳо савор шудаанд. Ӯ ҳамчунон дар бораи латту кӯби зиндониён маълумот додааст. Дар сомонаи интернетии ҳизби Эътимоди миллии Каррубӣ омадааст, ки дар боздоштгоҳи маҳбаси Каҳрезак баъзе зиндониёнро луч намуда, рӯи ҳам тӯда кардаанд.

Ҳафтаи равон Каррубӣ гуфта буд, ки дар зиндон ба номуси як идда боздоштшудагони зану мард таҷовузи ваҳшиёна сурат гирифтааст. Раиси парламенти Эрон Алии Лориҷонӣ айбномаи таҷовуз ба номусро, ки боиси нороҳатии ҷомеа гардид, рад кард. Дар маҳбаси Каҳрезак чандин эътирозгари боздоштшуда ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG