Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи шанбе дар Кобул бар асари ҳамлаи маргталабона дар канори қароргоҳи нерӯҳои байналмилалӣ 7 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 90 кас ҷароҳат бардоштанд.

Масъулияти ин ҳамларо ҷунбиши исломии Толибон бар дӯш гирифтааст. Дар ҳоле ки то интихоботи президентии Афғонистон камтар аз як ҳафта вақт мондааст, шореҳон афзоиши ин қабил ҳамлаҳоро аз эҳтимол дур намеҳисобанд.

Вазорати мудофиаи Афғонистон мегӯяд, шумораи маҷрӯҳон аз 90 нафар боло буда, дар байни онҳо кӯдакону наврасон кам нестанд. Таркиш дар маконе ба вуқӯъ пайваст, ки сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва қасри раёсатҷумҳурии Афғонистон ҷойгир мебошанд.

Ба қавли сухангӯи Толибон, ҳадафи ҳамла сафорати ИМА дар Кобул будааст. Ба навиштаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, дар натиҷаи вакили мардумии афғон Ҳаво Алам Нуристонӣ ва чор сарбози нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО ҷароҳат бардоштанд.

Як мансабдори вазорати нақлиёти Афғонистон, ки бинои он дар наздикии макони таркиш қарор дорад, гуфт, шишапораҳо мардуми зиёдро маҷрӯҳ намуданд. Шоҳиди дигари ҳодиса гуфт, ки бар асари таркиш биноҳои гирду атроф такон хӯрданду шишаи зиёде пора пора шуд. Як шоҳиди ҳодиса ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки аксари қурбониҳо афғонҳои мулкӣ буданд.

Бомбгузори маргталаб аз чанд посгоҳ убур намуда, замоне мунфаҷир шуд, ки дар даромадгоҳи қароргоҳи нершҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон, яъне (ISAF) барои тафтиш мутаваққиф гардонида шуд.

Барои таъмини амният дар ҷараёни интихоботи президентӣ ва маҳаллии Афғонистон, ки 20-уми август барпо хоҳад шуд, дар кӯчаҳои шаҳрҳои Афғонистон ҳазорҳо афсари полису сарбоз мустақар шудаанд.

Толибон чандин дафъа таҳдид кардаанд, ки дар рӯзи интихобот ҳамлаҳо роҳандозӣ мекунанд. Онҳо ба мардум дастур додаанд, ки дар овоздиҳӣ иштирок накунанд.

Ҳамлаи рӯзи шанбе аз он шаҳодат медиҳад, ки Толибон воқеан ҳамлаҳое мадди назар доранд. Дар ҳамин ҳол Абдулғаффор Сайидзода, раиси бахши тафтишоти ҷиноии шаҳри Кобул, мегӯяд, ки рӯзҳои оянда боз чанд посгоҳи иловагӣ танзим хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG