Пайвандҳои дастрасӣ

Русия "гурз"-ашро канор мегузорад?


Аз эҳтимол дур нест, ки агар озмоишҳои оянда бемуваффақият ба анҷом расанд, Русия кӯшишҳои истеҳсоли мушаки ҳаставии Булаваро (ба забони тоҷикӣ гурз) канор гузорад. Бо такя ба манбаъҳои саноатӣ хабаргузории Интерфакси Русия менависад, озмоиши мушаки Булава, ки тибқи нақша дар киштиҳо ҷой дода хоҳад шуд, чандин дафъа бо нокомӣ хотима ёфтааст. Русия тавлиди Булаваро бахши муҳими мудофиаи стратегии ин кишвар ва рамзи кӯшишҳои бунёди насли нави силоҳи давраи баъди Шӯравӣ барои сабқат бо аслиҳаи пешрафтаи амрикоӣ арзёбӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG