Пайвандҳои дастрасӣ

Тавқифи пахши барномаҳои радиои «Имрӯз» иллати фаннӣ надорад ва ончики масъулони ширкати «Телерадиоком» дар ин бора изҳор доштанд аз воқеият дур аст.

Рустами Ҷонӣ - раиси кулли ширкати «Ориёномедиа» ва мудири радиои «Имрӯз» бо изҳори ин матлаб дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт таҷҳизоти фаннии ин расона нав аст ва мӯҳлати кафолати баҳрабардорӣ аз он барои чандин сол пешбинӣ шудааст.

Ӯ афзуд,ки талошҳои муҳандисони ширкати ӯ барои боздид аз маҳалли кори таҷҳизоти пахши амвоҷи ин расона бенатиҷа ба анҷом расидааст, зеро сарварони ширкати «Телерадиоком» иҷоза намедиҳанд.

Ҳамзамон бо ин Рустами Ҷонӣ ишора бар он кард,ки фаъолияти эҷодии онҳо чандест, ки аз сӯи кормандони идораи бозрасии давлатии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон зери заррабини санҷишу пажӯҳиш қарор гирифтааст. Ва бозрасони ин ниҳод борҳо гузориш ва гуфторҳои онҳоро барои ташхису баррасӣ сабт кардаанд.

Ин нуктаро як манбаъ аз идораи бозрасии давлатии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон , ки нахост номаш бурда шавад таъйид кард. Вай гуфт бозрасӣ ошкор кардааст,ки иттиллооти носаҳеҳу носанҷида ва муғойир бо воқеияти Тоҷикистон аз тариқи амвоҷи радиои Имрӯз нашру пахш шудааст.

Нашри ахбор ва маълумотҳо,ки воқеияти кишварро инъикос намекунад бо қонунгузории ин кишвар мухолиф аст.

Манбаъ афзуд,ки бо иросли нома ба сарвари радиои Имрӯз нома ишкол ва навоқиси мавҷуда дар кори онҳоро фаҳмонидаанд.

Аммо Рустами Ҷонӣ-мудири радиои «Имрӯз» гуфт ончи ки дар номаи ахири ин ниҳод ҳамчун нуқси кори онҳо нишон дода шудааст пахши хабар дар бораи авзои ноҳояи Тавилдара ва бахусус аз сӯи кормандони идораи бозрасии давлатӣ иҷозаи вуруд надодан ба хабарнигорн ба ин минтақа аст.Оқои Ҷонӣ масъулони ин ниҳодро дар ғайриҳирфаӣ будан муттаҳам мекунад ва мегӯяд онҳо аз кори рӯзноманигорӣ огаҳ нестанд.

Ба гуфтаи мудири радиои Имрӯз дар нома идораи бозрасӣ таҳдид шудааст ки муҷаввиз ва ё лисензияи пахши гуфторҳоро пас хоҳад гирифт.Вале манбаъ аз идораи бозрасии Кумитаи телевизион ва радио таъкид кард,ки дар қатъи барномаҳои ин расона онҳо ҳеҷ нақше надоранд ва инҷо мушкил мушкили фаннӣ аст.

10 августи соли ҷорӣ радиои “Имрӯз” дусолагии таъсисёбии худро таҷлил кард. Ба эътиқоди коршиносон ва мутахассисон ин расона бо роҳандозии таҷрибаи байналмилалии нашру пахши ахбор ва додани имкон барои изҳори ақида ва назар ба гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва афрроди алоҳида, ки дастрасӣ ба расонаҳои расмиро надоранд, дар як муддати кӯтоҳ мухлисони зиёд пайдо кард.

Нуриддин Қаршибоев-раиси Иттиҳодияи миллии расонаҳои мутақили Тоҷикистон бар ин назар аст,ки тавқифи нашри гуфторҳои радиои « Имрӯз» аз ангезаи сиёсӣ орӣ нест ва эҳтимол дорад бархе аз мансабдорон дар Кумитаи телевизион ва радио аз рушди ин расонаи мустақил ва тавфиқи роҳбарияти он нигарон ҳастанд.

Аз сӯи дигар дарёфти ҷойгоҳ ва истиқболи густарда аз сӯи шунаванда онҳоро нороҳат карда ва бо эъломи пеш омадани мушкилоти фаннӣ фаъолияти онро қатъ кардан мехоҳанд;

Оқои Қаршибоев гуфт,ки созмони ӯ омода аст аз лиҳози ҳуқуқӣ ба масъулони Имрӯз кӯмак кунад.

Қатъи амвоҷи радиои «Имрӯз», ки дар навоҳии атрофи шаҳри Душанбе аз ҷумла Турсунзода ва Шаҳринав низ мунташир мешуд боис шудааст, ки сокинони навоҳӣ ба шунидани радиоҳои кишвари ҳамсоя пардозанд.

Зафари Сӯфӣ- сардабири нашрияи «Озодагон» гуфт кормандони ӯ зимни анҷоми як назарпурсӣ ба ин натиҷа расидаанд,ки радиои «Имрӯз» дар ин навоҳӣ мавқеъ ва шунавандаи зиёд пайдо кардааст ва аммо ду -се ҳафтаи ахир радиоҳои Ӯзбакистон дубора ин холигоҳро ишғол кардаанд.Оқои Сӯфӣ афзуд,ки ин амал ба амнияти иттилоотии кишвар беасар буда намтавонад.

Тайи ду соли фаъолият радиои «Имрӯз» барои бори саввум аст,ки бо чунин мушкил,ки мақомот «мушкили фаннӣ» меҳисобанд барномаҳои худро наметавонад пахш кунад.

Ин ҳам дар ҳолест,ки расонаҳои мушобеҳ бо ин радио ,ки тавассути мавҷи ФМ гуфторҳо пахш мекунанд бо гуна муносибат мувоҷеҳ намешаванд ва ин ҳам дар ҳолест,ки ба тасдиқи мудири радиои «Имрӯз» ҳамаи таҷҳизоти фании онҳо нав ва мудерн аст.

Радиои «Имрӯз» мутааллиқ ба ширкати медиахолдинги «Ориёно» аст,ки дар ду навбати аввали қатъи барномаҳояш тавониста буд ҳаққи нашри барномаҳояшро дарёфт кунад. Рустами Ҷонӣ-мудири ин радио гуфт,ки ӯ итминон дорад ин навбат низ онҳо дубора хоҳанд тавонист мушкили пешомадаро бартараф ва бо шунавандаҳояш рӯбарӯ шаванд.

Ҳарчанд ки бархе аз таҳлилгарон бо ишора ба ошкор шудани мубоҳисоти лафзӣ миёни ин расона ва идораи бозраси давлатии Кумитаи телевизион ва ради бар ин назаранд,ки ин навбат мушкили радиои « Имрӯз» ҷиддист ва шояд дар доираҳои болотар ҳаллу фасл шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG