Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Медведев ва Меркел поён ёфт


Дмитрий Медведев раиси ҷумҳури Русия ва Ангела Меркел – cадри аъзами Олмон баъди мулоқот дар шаҳри Сочи гуфтанд, бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодии феълӣ ду кишвар имконоти зиёде доранд, то тиҷорати дуҷонибаро афзоиш диҳанд. Дмитрий Медведев мегӯяд: "Ба андешаи ман, мо бояд сари шеваҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи стротежӣ ва иқтисодӣ андеша кунем, то ба иқтисодҳои худ ва дар натиҷа ба мардумони худ кӯмак кунем, ки ин бӯҳрони сахти иқтисодиро пушти сар намуда ва аз он қавитар ва омодатар берун оянд." Дмитрий Медведев тарҳи лӯлаи гази "Маҷрои Шимолӣ"-ро намунае аз ҳамкории Русияву Олмон номид, ки ба гуфтаи вай, дар шароити сахт ҳам идома кардааст. Интизор меравад, ин лӯла соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва солона 55 миллиард метри мукааб гази табииро ба Олмон интиқол диҳад. Ангела Меркел гуфт, қазияи қатли се фаъолони ҳуқуқ дар Чеченистонро бо Дмитрий Медведев дар миён гузоштааст.
XS
SM
MD
LG