Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлия Тимошенко: "Ба мо кордор нашавед."


Юлия Тимошенко – нахуствазири Украина имрӯз гуфт, кишвараш мудохилаи хориҷӣ ба умури дохилии худро таҳаммул нахоҳад кард. Бо нашри як баёнияи расмӣ Юлия Тимошенко гуфтааст, “Украина омода аст, ба андешаҳои шарикони худ аз шарқу ғарб гӯш дода ва манфиати онҳоро ба инобат бигирад, вале мудохила ба умури дохилии он ғайри қобили қабул аст”. Баёнияи Юлия Тимошенко се рӯз баъд аз нашри номаи Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия нашр шуд, ки Виктор Юшченко - раиси ҷумҳури Украинаро ба пешбурди сиёсати зидди русӣ муттаҳам кард. Майли Виктор Юшченко барои ҳамоиши кишвараш бо НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо Русияро асабонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG