Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷрои рӯди Вахшро мебанданд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, имрӯз Оқил Оқилов – нахуствазири Тоҷикистон, ба маҳалли бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун рафтааст, ки дар онҷо ба бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш омодагӣ мегиранд. Ба иттилоъи хабаргузории давлатии “Ховар”, қарор аст, маҷрои рӯдхонаи Вахш то се моҳи дигар баста шавад. Оқил Оқилов бо ҷараёни омодагӣ барои иҷрои ин бахши муҳими тарҳи нерӯгоҳи Роғун ошно шудааст. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, имкон хоҳад дод, то Тоҷикистон аз назари таъмини нерӯи барқ худкифо шуда ва боқимондаи онро ба кишварҳои минтақа бифрӯшад. Ӯзбакистон аз мухолифони сарсахти нерӯгоҳ мегӯяд, бунёди обанбори азими Роғун ба вазъи зистмуҳитии тамоми Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонад, иддаъое, ки ба гуфтаи давлати Тоҷикистон асосе надорад.
XS
SM
MD
LG