Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти нерӯҳои Амрико дар Афғонистон


Роберт Гейтс – вазири дифоъи Амрико мегӯяд, кишвараш эҳтимолан нерӯҳои бештареро ба Афғонистон мефиристад, ҳарчанд ба эътирофи вай, манобеъи зарурии низомии онҳо камтар шудааст. Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Вашингтон, Роберт Гейтс иброз дошт, ба Стенлӣ Маккристал - фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон гуфтааст, дар робита ба тақвияти нерӯҳо “ончиро ки фикр мекунад, зарур аст, “ дархост бикунад. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико дастур додааст, то ба 21 ҳазор сарбози дигар ба Афғонистон фиристода шавад, ки теъдоди умумии сарбозони Амрикоро дар онҷо то охири сол ба 68 ҳазор нафар мерасонад. Бештар 132 ҳазор сарбози дигари Амрико дар Ироқ хидмат мекунанд.
XS
SM
MD
LG