Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев ва Меркел чӣ хоҳанд гуфт?


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия имрӯз бо Ангела Меркел – садри аъзами Олмон мулоқот мекунад, ки интизор меравад, дар он тиҷорат ва ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор бигирад. Бо ин мулоқот бори саввум мешавад, ки раҳбарони ду кишвар дар осоишгоҳи Сочӣ дидор мекунанд. Олмон бузургтарин шарики тиҷоратии Русия дар Аврупост, аммо бӯҳрони иқтисодӣ тиҷорати онҳо дар нимсолаи аввалро бисёр коҳиш дод. Масоили сармоягузории ширкати Русия дар Олмон ва аз ҷумла хариди саҳмияҳои ширкати мошинсозии “Опел” зоҳиран дар ин нишаст баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG