Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи теннисбозон дар Хуҷанд


Аз 16-ум то 20-уми август дар Хуҷанд мусобиқаи бози ҷумҳуриявии теннис барои ҷавоизи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Сардовари ин мусобиқа Мансур Яҳёев ба Радиои Озодӣ гуфт: «Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки имсол ба ҷои Ҷоми президенти Тоҷикистон мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис барои дарёфти ҷавоизи ин Кумитаро баргузор намояд.

Дар рақобатҳо ба ғайр аз мизбонон - теннисбозони тоҷик, варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон иштирок хоҳанд кард. Инчунин ширкати теннисбозони Русия низ дар назар аст.

Синну соли ширкаткунандагони мусобиқа маҳдуд карда намешавад. Мусобиқаи мазкур дар майдони тенниси муҷтамаъи ҷадиди варзишии шаҳри Хуҷанд, ки ба меърҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, барпо мегардад».

Ба иттилоъи Мансур Яҳёев, мураббии мактаби варзишии захоири олимпӣ, дар мусобиқаи мазкур аз Тоҷикистон чаҳор даста – ду дастаи вилояти Суғд ва ду дастаи шаҳри Душанбе ширкат хоҳанд кард.

Дар ҳайати ин дастаҳо беҳтарин теннисбозони ҷавони тоҷик, ба мисли Аҳмадҷони Муҳаммад, Бахтиёр Саъдуллоев, Мирҳусейн Яҳёев, Анвар Раҳматов, Шабнам Юсуфҷонова ва дигарон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG