Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико тамрини нирӯҳои Гурҷистонро аз сар мегирад


Мақомоти аршади вазорати дифоъи Амрико ба нашрияи "The New York Times" гуфтаанд, ки Амрико ба хотири ба амалиётҳои зиддичирикӣ дар Афғонистон омода кардани нирӯҳо барномаҳои тамриноти ҷангиаш дар Гурҷистонро аз сар мегирад.
Ин иқдом ғолибан хашми Маскавро хоҳад барангехт, ки ба гуфтаи мақомот, аз ин тасмим дар ҷараён гузошта шудааст.
Ҳадаф аз тамринҳо ба сатҳи ҷавобгӯи меъёрҳои НАТО омода кардани нирӯҳои гурҷист, ки тавонанд дар канори нирӯҳои Амрикову муттаҳидинаш дар Афғонистон биҷанганд.
Қарор аст, ин тамринҳо аз 1 сентябр оғоз шаванд. Яъне як сол баъди ба иллати ҷанги Гурҷистон бо Русия қатъ шудани чунин тамринҳо, ки нирӯҳои гурҷиро барои Ироқ омода мекард.
XS
SM
MD
LG