Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Мун аз тасмими Вошингтон


Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун аз пойбандии Амрико ба тааҳҳудоташ дар қиболи ин созмон тавсиф карда ва хостори фаъолияти муассиртару масъултари Милали Муттаҳид шуд. Бахши аъзами ҳазинаи фаъолияти СММ-ро Амрико мепардозад. Вошингтон ахиран тасмим гирифт, ҳаққашро ба ин созмон пардохт кунад. СММ феълан аз ҷумла 15 амалиёти ҳимоят аз сулҳ ва 27 маъмурияти вижаи сиёсиро дар ихтиёр дорад, ки 78 000 маъмури низомӣ, беш аз 11 000 маъмури пулис ва 23 000 корманди ғайринизомиро фаро мегиранд.
XS
SM
MD
LG