Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Регбӣ ва голф ба Бозиҳои олимпӣ роҳ меёбанд


Кумитаи байналмилалии олимпӣ тасмим гирифт, ки муштзанӣ дар байни занон ба феҳрасти бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ҳамроҳ карда шавад. Тибқи қарори ин кумита, дар бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 ба рӯйхати сабқатҳои олимпӣ боз ду навъи дигари варзиш – регбӣ ва голф изофа хоҳанд шуд. Аммо тасмими ниҳоиро дар мавриди регбӣ ва голф анҷумани Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар моҳи октябр дар Копенҳаген хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG