Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлатҳои арабӣ ба ИА фишор меоранд


Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс навишт, ки кишварҳои арабӣ ба ИА фишор меоранд, то ҷиҳати маҷбур кардани Исроил барои боз кардани барномаҳои ҳастаияш ба рӯи нозирони байналмилалӣ кӯмак кунад. Амрӣ Мӯсо, дабири кулли лигаи давлатҳои арабӣ, ки 22 кишвари ҷаҳони Арабро муттаҳид мекунад, дар як нома ба Карл Билдт, вазири умури хориҷии Шветсия, ки кишвараш раёсати давраии ИА-ро бар дӯш дорад, хостори пуштибонии Аврупо аз пешниҳоди кишварҳои арабӣ дар анҷумани моҳи ояндаи Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ шудааст. Исроил ҳеҷ гоҳ расиданаш ба мақоми қудрати ҳастаиро эътироф накардааст, вале аксар бар ин боваранд, ки Исроил соҳиби силоҳҳои ҳастаист.
Давлатҳои арабӣ қаблан фишор меоварданд, ки Исроил ба паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ пайваста, корхонаҳои ҳастаияро барои назорати Ожонси нирӯи атомӣ боз кунад.
XS
SM
MD
LG