Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раббонӣ аз як ҳамла ҷон ба саломат бурд


Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ аз як шабехуни Толибон дар вилояти Қундуз ҷон ба саломат бурд. Раббонӣ дар роҳи сафар ба улусволии Алиобод ҳадафи ҳамлаи хумпораҳои ҷангиёни толиб қарор гирифт.
Ин ҳамла рӯзи панҷшанбе, ҳамагӣ як ҳафта қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон сурат гирифт. Толибон гуфтаанд, ки ин маъракаро ба ҳам хоҳанд зад. Раббонӣ, ки феълан вакили парлумони Афғонистон аст, дар ин интихобот аз номзадии Абдуллоҳи Абдуллоҳ, рақиби асосии раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG