Пайвандҳои дастрасӣ

СММ хостори таҳқиқи мавридҳо шиканҷа дар Эрон шуд


Гузоришгари хоси СММ дар масоили шиканҷа гуфт, бовар дорад, ки даъвоҳо дар бораи ба хотири эътирофи гуноҳ шиканҷа шудани эътирозгарони боздоштшудаи эронӣ мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт. Манфред Новак гуфт, ки ӯ беш аз 300 мавриди эҳтимолии шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба эътирозгарони боздоштшударо ба самъи мақомоти Эрон расондааст. Новак гуфт, бисёри ин маворид ҳокии мавриди латукӯб, истифода аз электрошок ва фишори ҷисмониву равонӣ қарор гирифтани боздоштшудагон ба хотири дар овардани ҳарфи иқрори гуноҳ аз забони онҳост.
Новак гуфт, давлат муваззаф аст, мавориди шиканҷаи ба СММ арзашударо таҳқиқ кунад, вале ӯ то ҳол дар бораи таҳқиқ шудани кадоме аз ин маворид хабар надорад.
XS
SM
MD
LG