Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳори таассуфи Юшенко аз паёми Медведев


Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко аз лаҳни, ба гуфтаи ӯ, “ғайридӯстона”-и паёми ҳамтои русаш Дмитрий Медведев изҳори таассуфи амиқ кард. Медведев дар як номаи саркушода дар авоили ҳафта раҳбарони Украинаро айбдор кард, ки сиёсати, ба бовари ӯ, “зиддирусӣ”-ро пеш гирифта, сабаби бад шудани равобити Маскаву Киев дар масоиле, чун азми Украина барои пайвастан ба паймони НАТО шудаанд. Юшенко дар посухаш вуҷуди мушкилоти ҷиддӣ дар равобити ду кишварро эътироф кард, вале гуфт, барояш ҳайратангез ин буд, ки Медведев аз ҳар навъ масъулияти ҷониби Русия дар вазъи пешомада чашм мепӯшад.
XS
SM
MD
LG