Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба тоҷирони тоҷику чиноӣ дар Маскав


Мақомоти милисаи Маскав ба ҷустуҷӯи 4 нафаре пардохтааст, ки тоҷирони тоҷику чиноиро дар як манзили воқеъ дар наздикии бозори Черкизово ғорат кардаанд. Гуфта мешавад, 4 нафари ниқобпӯш ба манзиле, ки тоҷирони тоҷику чиноӣ иҷора менишастанд, ҳамла оварда, бо таҳдид аз аслиҳа пулу моли онҳоро ба маблағи умумии 200 000 рубли русӣ, муодили беш аз 6 000 доллар, ба яғмо бурдаанд. Ин ҳамла дар кӯчаи Прядилная, дар наздикии бозори басташудаи Черкизово сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG