Пайвандҳои дастрасӣ

3 маризи таби хунӣ дар бемористон боқӣ мемонанд


Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, вазъи маризеро, ки бо аломатҳои таби хунӣ дар Душанбе бистарӣ шудааст, мӯътадил арзёбӣ кард ва гуфт, ҳамаи 13 нафаре, ки бо ин мариз тамос доштаанд, низ таҳти назорати табибон қарор доранд. Аммо дар ноҳияи Турсунзода, ки таби хунӣ алакай боиси ҳалокати 3 нафар шуд, 2 мариз ҳанӯз дар бемористон қарор дошта, аммо 39 нафаре, ки бо маризон тамос доштаанд, аз бемористон рухсат шудаанд.
Аъзам Мирзоев эҳтимоли ба сурати эпидемия густариш ёфтани маризии қаттоли таби хунӣ дар Тоҷикистонро хеле ночиз хонд, вале гуфт, ин беморӣ ба таври пароканда дар оянда низ буруз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG