Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти боз як ҷангии Худойбердиев дар Қубодиён


Дар ноҳияи Қубодиён, дар ҷануби Тоҷикистон як нафар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев боздошт шудааст. Мақомот мегӯянд, Абдуғаффор Қодирови 38-сола узви дастае буд, ки таҳти фармондеҳии Ғоибназаров дар навоҳии Шаҳритӯс ва Қубодиёни вилояти Хатлон бедодгарӣ мекард. Аз аввали сол дар Тоҷикистон 8 нафар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев дастгир шудаанд. Сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев аз фармондеҳони собиқи Фронти халқист, ки дар рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон саҳм доштааст. Вале ӯ баъдан алайҳи ҳукумат ошӯб бардошт ва соли 1997 аз кишвар фирор кард.
Дар тирамоҳи соли 1998 ӯву тарафдоронаш ба вилояти Суғд ҳамла оварданд, вале дар задухӯрдҳо бо нирӯҳои давлатӣ шикаст хӯрда, дубора фирор карданд. Душанбе ба таври мукаррар аз Узбакистон истирдоди Худойбердиевро тақозо кардааст, вале Тошканд дар қаламрави Узбакистон ба сар бурдани ӯву тарафдоронашро эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG