Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EBRD 25 дарсади саҳмияҳои Агроинвестбонкро харид


Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд 25 дарсади саҳмияҳои Агроинвестбонк, дуввумин бонки бузурги Тоҷикистонро ба даст овард. Арзиши ин қарордод 50 миллион сомонӣ, муодили қариб 11,5 миллион доллар гуфта мешавад.
Ниёзмурод Саидмуродов, раиси Агроинвестбонк ин тавофуқро натиҷаи 5 соли ҳамкории бонкаш бо Бонки Аврупо хонд ва гуфт, ин иқдом ба эътибори байналмилалии Агроинвестбонк хоҳад афзуд.
Бонки Аврупо то кунун 21 фоизи саҳмияҳои “Эсхата”, як бонки дигари тиҷорӣ дар Тоҷикистонро дар даст дошт.
Ҳаҷми сармоягузориҳои Бонки аврупоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, яке аз фақиртарин кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳудуди 200 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG