Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтанома бо забонҳои бадахшӣ


Як гурӯҳи эҷодкорони ҷавони Бадахшон мегӯянд, ки дар рӯзҳои наздик онҳо ҳафтавори фарҳангие таҳти унвони «Хиртсирах» («Шафақ»)–ро дастраси хонандагон мегардонанд.

Хушомади Алидод, журналист, шоир ва сардабири ҳафтанома, ҳадафи таъсиси нашрияи фарҳангиро мусоидат кардан ба ҳифозат ва густариши забонҳои маҳаллӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ки ҷамъоварии матолиб барои нахустшумораро ба охир расонданд.

Вай изҳор дошт, ки яке аз ҳадафҳои нашрия ҳамчунин бо роҳи тарғиби намунаҳо аз осори шифоии мардум ва адибони маҳаллӣ саҳм гирифтан дар тарбияи ахлоқӣ ва фарҳангии насли наврас ва ҷавони ҷомеа мебошад. Ба гуфтаи сардабир, матолиби нашрия ба чаҳор гӯиши мустақили забонҳои бадахшӣ – язгуломӣ, вахонӣ, шуғнонӣ ва рушонӣ интишор мегардад.

Бадахшон «осорхонаи зиндаи» забонҳои қадимаи ҳиндуаврупоӣ ном гирифта, олимон ба зарурати ҳифозати ин мероси фарҳангӣ таъкид мекунанд. Ба гуфтаи доктори улуми забоншиноси Назри Офаридаев, дар Бадахшон чаҳор гӯиши мустақил ва зиёда аз 9 шеваҳои мухталифи ин гӯишҳо дар муошират истифода мешаванд. Вай осори хаттиро омили муҳим дар ҳифз кардан ва густариши забонҳои маҳаллӣ ва таъсиси нашрияи мустақили фарҳангиро яке аз воситаҳо зинда нигоҳ доштани забон мешуморад.

Ба фикри ин олими забоншинос, агарчи дари нашрияҳои расмӣ дар Бадахшон барои истифодаи забонҳои бадахшӣ баста мемонанд, аммо қавонин ҳифозат ва рушди ин забонҳоро кафолат медиҳанд ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳеҷ гуна мамониате барои интишорот ба забонҳои маҳаллӣ вуҷуд надошта, мушкилот дар ин бахш танҳо ба имконоти моли марбут будааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз забоншиносон рағбат нишон надодани мақомот ба пешниҳод дар мавриди ба барномаи таълимии синфҳои ибтидоии макотиби Бадахшон ворид сохтани соатҳои омӯзиши забонҳои бадахшӣ ва истифодаи он дар расонаҳои маҳаллиро кӯшиши нақзи ҳуқуқ ва монеа дар роҳи рушди забонҳои маҳаллӣ арзёбӣ мекунанд.

Аммо доктори илм Назрӣ Офаридаев бар ин ақида аст, ки ба роҳ мондани таълими забонҳои маҳаллӣ дар синфҳои ибтидоӣ на танҳо барои ҳифозату рушди онҳо, балки барои хубтар омӯхтани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ва равнақи зеҳнии толибилмон кумак мекунад.

Интишори матолиб бо забонҳои бадахшӣ қаблан дар моҳномаи «Фарҳанги Бадахшон» истифода ва боиси маҳбубияти ин нашрия дар байни мардум гардида, эҷодкорони ҷавон мехоҳанд, ки ин таҷрибаро аз нав зинда кунанд. Сардабир гуфт, ки эҷодкорони ҷавон довталабона дар ин интишорот ба забонҳои маҳаллӣ ширкат карда, хароҷоти техникӣ ва чопиро гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ мепардозанд.

Нахустин шоири зуллисонайн, ки дар баробари забони тоҷикӣ-форсӣ ба забони маҳаллӣ дар авохири асри нуздаҳум зистааст, Мулло Лочин эътироф шудааст, ки аҳли хонаводааш аз маҳалли Даҳбеди Самарқанд ба хиттаи Шуғнон кӯч бастаанд.

Солҳои 1930 ҳамчунин бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби як омӯзгор дар маркази вилоят алифбои шуғнонӣ таълиф гардидааст, ки пасон нусхаи асли он ба китбхонаи ба номи Фирдавсӣ супурда шуда, алҳол дар қатори ёдгории фарҳангии дигар дар ин ҷо маҳфуз дошта мешавад. Дар ин солҳо ҳамчунин бо кӯшиши Нодир Шанбезода нахустин намунаи назми шуарои Бадахшон ба забонҳо маҳаллӣ бо номи «Гулғунча» ва бо хати лотинӣ интишор гардидаст.
XS
SM
MD
LG