Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай -- пешсафи сабқати интихобот


Сулҳ, оштии миллӣ ва рушди иқтисодӣ мавзӯъҳои калидии маъракаи таблиғотии президенти феълӣ, Ҳомид Карзай мебошанд.

Дар тафовут бо дигар номзадҳо, вазифаи вай сангинтар аст, зеро ҳам бояд аз фаъолияти гузаштаи худ дифоъ кунад ва ҳам ба интихобкунандагони то рафт дилсардшавандаи Афғонистон ояндаи беҳтаре ваъда намояд.
Вай дарвоқеъ як бозигар аст. Як бахши ҳастии ӯ воқеан намоишист ва аз шунидани худаш дар рӯйи саҳна ба бозии бештар мепардозад...

Тарафдорони Карзай ҳанӯз ҳафтаҳо пеш аз рӯзи раъйдиҳӣ шиор мезананд, ки Карзай ягона ғолиби интихобот аст.

Ҳодиса дар дараи Каён, як минтақаи ҳавохоҳони Карзай, ҷараён мегирад ва пешвои минтақа, Сайидмансури Нодирӣ ваъда додааст, ки 1 миллион раъйи ҷомеаи исмоилиро ба Карзай тақдим хоҳад кард.

Онҳое, ки дар Дараи Каён ба пирӯзии Карзай бовар доранд, танҳо нестанд. Назарсанҷиҳои ахир нишон додаанд, ки 36 дарсади интихобкунандагон аз Карзай пуштибонӣ мекунанд ва наздиктарин рақиби ӯ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамагӣ 20% пуштибон дорад.

Дар байни раъйдиҳандагоне, ки тасмими қотеъ гирифтаанд, 45% тарафдори Карзай ва 20% тарафдори Абдуллоҳанд.

Агар 20 дарсади дигар, яъне онҳое, ки мегӯянд, ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, аз Карзай ҳимоят кунанд, вай эҳтимолан қодир хоҳад буд, 50 ҷамъи як дарсади раъйҳоро ба даст орад ва дар даври аввал ғалаба кунад.

Худи ӯ ба пирӯзияш бовари қавӣ дорад. Дар Каён вай нутқашро аз ин сар кард, ки ҳамаи номзадҳо ҳақ доранд, дар ҳар минтақаи Афғонистон худро таблиғ кунанд. Яъне ӯ худро аз падарони Афғонистони демократие медонад, ки дар он рақибон на бо зӯри силоҳ, балки бо барномаҳои худ барои қудрат мубориза мекунанд.

Моҳи июл дар ҷамъомади ришасафедони Қандаҳор, зодгоҳаш, Карзай барномаи худро муаррифӣ кард: "Агар ман сазовори бовари мардуми афғон шавам ва интихоб гардам, пеш аз ҳама ба Афғонистон сулҳ меорам. Сулҳ ба маънии гуфтушунид бо толибон ва дигар бародарони бегонагаштаи мост. Мақсади дувуми мо таҳкими равобит бо ҷаҳони беруна аст."

Карзай ҳамчунин ваъда дод, ки раҳбариро беҳтар мекунад ва бозсозии кишварро хубтар ба роҳ мемонад, чизҳое, ки нуқси ҳукумати ӯ дониста мешаванд ва эътибори шахсияшро коҳиш додаанд.

Зодаи як хонаводаи ашрофи қабилаи паштуни пупалзай, Карзайи 52-сола, шахсе маълум мешавад, ки якбора мехоҳад, барои ҳама яксон хуб бошад, ҳам барои технократҳои ғарбгаро, ҷангсолорон, сарони гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ва ҳам барои миллатгароёни афғону коммунистони пешин.

Журналисти озод, хонум Элизабет Рубин, ки зимистони гузашта чанд рӯз дар Арки раёсатҷумҳурии Афғонистон, меҳмони Карзай буд, мегӯяд, шахсияти Карзайро муайян кардан мушкил аст: "Вайро боз кардан хеле мушкил аст ва махсусан ҳоло, ки президент аст. Вай дарвоқеъ як бозигар аст. Як бахши ҳастии ӯ воқеан намоишист ва аз шунидани худаш дар рӯйи саҳна ба бозии бештар мепардозад."

Баъд аз барканории режими Толибон дар соли 2001, Карзай ҳамчун як раҳбари ҷавони афғон ба майдон омад, ки ҳатто бо сарулибосаш нишон дод, ки каси дигар аст ва барои шифо бахшидан ба Афғонистони захмиву азҳамрехта омадааст.

Дар давраи ӯ бо пуштибонии беназири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон корҳои зиёде сурат гирифт. Бахши хусусии иқтисодиёт дар ҳоли
рушд аст, зиёда аз 5 миллион гурезаи афғон ба ватан баргашт, 33 миллион нафар аз хадамоти ибтидоии тиббӣ бархӯрдоранд, ҳазорон мактабу даҳҳо донишгоҳ боз шуд.

Аммо нишондиҳандаҳои дигар манзараро хеле тира мекунанд. Наздик ба 8 миллион нафар ҳанӯз дар гуруснагӣ ба сар мебаранд, ҷангу ноамнӣ рӯ ба афзоиш дорад, фасодзадагии ҳукумат, беҷазо мондани муҷримони ҷиноятҳои сангин ва номуайянии оянда аз мавзӯъҳои ҳар хонавода ва ҳар чойхонаанд.

Дар тафовут бо раҳбарони дигари минтақа, Карзай аз роҳи интихобот ба қудрат расидааст, вале амалан пойгоҳ, нерӯ ва тавони пешбурди сиёсатҳои худро надорад.

Бархе аз коршиносон пойбандии сиёсатҳои ӯро ба кишварҳои НАТО низ таъкид мекунанд.

Онҳо меафзоянд, Карзай аз ибтидо дар ҳалқаи муҷоҳидоне монда буд, ки бо сабаби бераҳмиҳои гузаштаашон, афғонҳо онҳоро "ҷангсолор" меноманд. Эътилофи таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида онҳоро дар ҷанги зидди Толибон ва Ал Қоида ба кор мебурд.

Карзай пас аз як муддати фосила гирифтанаш аз онҳо донист, ки аз пойгоҳҳои худ дар ҷомеа маҳрум мешавад. Ва дар ҳоле ки моҳи асали ӯ бо ҷомеаи байнулмилалӣ низ дар аввали имсол ба поён расид, Карзай дигарбора ба тарафи шарикони собиқаш майл кард.

Вай фармондеҳи машҳури тоҷик Муҳаммадқосими Фаҳимро ноиби худ баргузид, ки мушкили сангини Карзайро чунин шарҳ медиҳад: "Ин нуктаро мутаваҷҷеҳ бошед, ки оқои Карзай дар ҷараёни ҳукумати интихобияш, махсусан баъд аз гузашти панҷ соли давраи ҳукуматаш, мусалсал ва мардона эълон мекард, ки омили шикаст ва нотавонияш аз давлат хориҷ кардани муҷоҳидин буд."

Ҳамин гуна Карзай бо ҷангсолорни дигар низ иттиҳоде созмон медиҳад. Карими Халилӣ, пешвои ҳазораҳо, ки ҳоло ноиби дувумаш аст, дар ҳукумати нави Карзай низ боқӣ хоҳад монд.

Раҳбари ваҳҳобӣ, Абдулрасули Сайёф, ҷангсолори бонуфузи узбак, Абдулрашиди Дӯстум, ҳамтоёни паштуни ӯ -- Шермуҳаммад Охунзода ва Гулоқо Шерзай низ аз пуштибонони Карзай мебошанд. Ҷангсолори дигар, Муҳаммад Муҳаққиқ низ ахиран ҳимояташ аз Карзайро эълон кард.

Худи Карзай ин муомилаҳои худро "мушоракати миллӣ" меномад ва мегӯяд, ба ҳамкорӣ бо ҳамаи бахшҳои ҷомеа омодааст.

Рубин мегӯяд, вай ба афроди мухталифе ваъдаҳои зиёд медиҳад ва дар фавҷи ин ваъдаҳо дидгоҳаш номаълум мемонад, ҳарчанд гуфтааст, аз намунаи Маҳатма Гондӣ ва сулҳпарасти паштун Абдулғаффорхон пайравӣ мекунад. Аммо шояд баъд аз пирӯзияш Карзайи ҳақиқӣ битавонад, ботини худро нишон бидиҳад. Агар пирӯз шавад.

Вале тарафдорони Карзай, ба монанди пешвои паштунҳо дар вилояти Нангарҳор, Малик Ниёз мегӯянд, Карзай бояд кори оғозкардаашро ба поён расонад.

Малик Ниёз мегӯяд, Карзай замоне қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, ки кишвар ба як хонаи фурӯрафта мемонд. Вай тавонист, се
девори онро бисозад. Агар дигарбора интихоб шавад, мумкин аст, девори чаҳорумро ҳам бардорад ва кишварро баҳам орад.

Интихобкунандагони Афғонистон, агар ба Карзай раъй медиҳанд, шояд танҳо ба ин сабаб, ки ин бор симои ҳақиқияшро нишон диҳад ва аз хурсанд доштани қавимардони ҷомеа дида, бештар ба сулҳ ва беҳбуди мардум тамаркуз кунад.
XS
SM
MD
LG