Пайвандҳои дастрасӣ

Қодиров "Мемориал"-ро ба додгоҳ кашид


Як додгоҳи шаҳри Маскав шикояти Рамазон Қодиров – раиси ҷумҳури Чеченистон аз созмони ҳомии ҳуқуқи “Мемориал”-ро ба баррасӣ хоҳад гирифт. Андрей Красненков - вакили дифоъи Қодиров гуфтааст, ки тамоми санадҳои лозимаро барои баррасӣ ба додгоҳ супурдааст. Рамазон Қодиров мегӯяд, созмони “Мемориал” бо нашри иттилоъ доир ба ин ки гӯё раиси ҷумҳури Чеченистон дар қатли Наталия Эштемирова як фаъоли “Мемориал” даст дорад, обрӯву шаъни ӯро паст задааст. Рамазон Қодиров талаб дорад, то Олег Орлов раҳбари “Мемориал” барои ин кораш ба ӯ 320 ҳазор доллар ҷуброн пардозад.
XS
SM
MD
LG