Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемор шудани ҳашт муҳоҷири тоҷик


Бино ба гузориши хабаргузории русии “Интерфакс”, бар асари истеъмоли ғизои олуда ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Маскав бемор шуда ва яке аз онҳо дар роҳ ба сӯи бемористон фавтидааст. “Интерфакс” аз қавли Вячеслав Скородинский – сартабиби бемористони марказии ноҳияи Солнечногорский навиштааст, ки зоҳиран сабаби заҳролудшавии муҳоҷирони тоҷик шири хушки қадима будааст, ки аз он барояшон ғизо дуруст кардаанд. Вазъи сиҳатии беморон ба гуфтаи табиби рус мӯътадил аст.
XS
SM
MD
LG