Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Юшченко ба Дмитрий Медведев


Виктор Юшченко – раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, аз табиати “норафиқонаи” номаи Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури Русия, “бисёр муттаасиф” шудааст. Дмитрий Медведев дар як номаи бозаш ин ҳафта раҳбарони Украинаро “зидди Русия” хонда гуфт, ки аз ҷумла бо орзуи пайвастани кишварашон ба НАТО муносиботи дуҷонибаро бад кардаанд. Дар номаи ҷавобие, ки дар вебсайти раиси ҷумҳури Украина нашр шудааст, Виктор Юшченко “мушкилоти ҷиддӣ” дар муносиботи Русияву Украинаро эътироф карда ва ҳамчунин гуфтааст, аз он дар ҳайрат аст, ки Медведев айби худи Русия дар вазъи мавҷудро сарфи назар кардааст.
XS
SM
MD
LG