Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

HRW Исроилро ба бераҳмӣ муттаҳам кард


Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, сарбозони исроилӣ дар як амалиёташон дар Навори Ғазза дар авоили ҳамин сол, 11 ғайринизомии фаластиниро, ки парчами сафедро алвонҷ медоданд, куштаанд. Ҳюман Райтс Вотч, ки дар Амрико қароргоҳ дорад, бо нашри гузорише имрӯз гуфт, дар миёни ин афрод ду духтаре ҳам будаанд, ки дар берун аз хона пораҳои матоъи сафед дар даст меистоданд. Исроил мегӯяд, сарбозонаш мардуми бесилоҳро ҳадаф нагирифтаанд, вале дар баъзе аз маворид, тундравони созмони Ҳамос, барои пинҳон шудан, бо парчамҳои сафед ғайринизомиёнро пеш меандохтаанд. Ҳюман Райтс Вотч дар аввали ҳамин ҳафта созмони Ҳамосро, барои мушакандозиаш ба шаҳрҳои исроилӣ ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам намуд.
XS
SM
MD
LG