Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори хушҳолкунанда барои аврупоиён


Рукуди иқтисодӣ дар кишварҳои ҳавзаи воҳиди ягонаи пули евро ба таври чашмгир сабуктар шудааст. Омори тозае, ки Иттиҳодияи Аврупо нашр кард, нишон медиҳад, ки тавлидот дар 16 кишвари иттиҳодия, ки арзи ягона доранд, дар семоҳаи дуввуми имсол танҳо, (0,6) сифру аз шаш дарсадро ташкил додааст. Дар семоҳаи аввал тавлидот дар ин 16 кишвар ба таврии рекордии дуввуним дар сад кам шуда буд. Олмон ва Фаронса соҳибони бузургтарин иқтисодҳо дар Аврупо, аз чанги рукуди иқтисодӣ халос шудаанд зеро иқтисоди онҳо аз моҳи апрел то моҳи май 0,3 дар садӣ рушд кардааст.
XS
SM
MD
LG