Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Сарватмандони номашҳур» - матлаби аслии ҳафтаномаи «Азия-плюс» аст, ки рӯйхати аз сӯйи вазорати молияи Тоҷикистон таҳияшудаи саҳҳомони корхонаҳои бузурги ин кишварро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Нашрия менависад, ин рӯйхат, ки ҳоло аз сомонаи интернетии вазорат лағв шуда, хеле расмӣ ва бозгӯи адами шаффофият дар фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст. Дар матлаб омадааст, ки саҳҳомони корхонаҳои кишвар хеле номашҳур ҳастанд, аммо дар асл ин сарватмандон ягон қаробати хунӣ бо мансабдорони кишвар доранд.

Аз ин хотир, нашрия пешниҳод мекунад, ки бигзор ин қаробат низ ошкор ва эъломияи дороии наздикони мансабдорон низ талаб карда шавад. Ба қавли нашрия, вагарна мансабдорон тиҷорати худу наздикони худро ҳамеша ҳамин тавр, сиёсати миллии иқтисодӣ муаррифӣ хоҳанд кард, ки дар асл фақат пуштибонии сиёсии моликияти хонаводагиву шахсӣ аст.

Нашрияи «Фараж» дар матлабе таҳти унвони «Алло, Кремл! – 3» ба мавзӯъи пойгоҳи нави Русия дар Қирғизистон пардохта, аз адами зарурати ҳамчунин пойгоҳ дар минтақа навиштааст. «Фараж» менависад, далелҳое, ки Русия барои зарурати ин пойгоҳ меорад, аз ҷумла ҷилавгирӣ ва қочоқи маводи мухаддиру терроризму тундгароӣ ва мухолифатҳои дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, заъиф ҳастанд.

Ба қавли нашрия, дар ин ҳол фақат қочоқи маводи мухаддир аз назорати як гурӯҳи ҷиноӣ ба гурӯҳи дигар мегузарад, терроризм ва тундагроӣ баръакс аҳроми фишори Русия ба кишварҳои минтақа мешаванд ва мухолифатҳои дохилии кишварҳои ОМ, ки ҳалшавандаанд, мушкили дохилии онҳост, на кишваре сеюме, ба монанди Русия. Дар матлаб ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон интиқод мешавад, ки мисли Ӯзбакистон аз манофеъи миллии худ дифоъ накарда, баръакс ризоият ба рӯйи кор омадани ин пойгоҳ додааст.

Ба қавли нашрия, пойгоҳи нави низомии Русия ба дарозмуддат манофеъи миллии Тоҷикистонро низ таҳти хатар мегузорад, зеро ин кишвар акнун миёни ду пойгоҳи русӣ - ин яке дар Ӯш ва дигаре дар Душанбе қарор хоҳад гирифт.

Мавзуи асосии ҳафтаномаи мустақили «Нигоҳ» мусоҳиба бо Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, аст, ки таҳти унвони «Президент мешудам, ба истеъфо мерафам» нашр шудааст. Дар ин мусоҳиба, ки ба мавзуи омодагиҳои ин ҳизб ба интихоботи порлумонӣ бахшида шудааст, Раҳматулло Зойиров азҷумла гуфтааст, ягона роҳи таъмини интихоботи шаввову демократӣ дар Тоҷикистон аз вазифаи раисии Ҳизби халқӣ-демократӣ даст кашидани президент ва дар интихобот истифода нашудани ному насаби ӯ аз ҷониби як ҳизби сиёсӣ мебошад. Раҳматилло Зойиров дар ин мусоҳиба тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон дар баробари бӯҳрони ҷаҳонии молиро номуваффақ номидааст.

Ҳафтаномаи «Пайкон» мусоҳибаи Шамъистон Сиддиқова, модари Неъмат Азизов, фармондеҳи гурӯҳи мусаллаҳи ахиран аз сӯйи нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон дар Тавилдара кушташударо нашр кардааст, ки мавсуф алорағми иттилоъи расмӣ иқрор мешавад худ ду фарзанди дигарашро ба ҳукумат таслим кардааст.

Холаи Шамъистон ҳоло ба Душанбе омадааст, то онҳо – Раҳмиддин ва Зайдуллоро раҳо кунад, зеро худи вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ӯро итминон дода будааст, ки агар фарзандонашро аз сангар баргардонад, баъди бозпурсӣ ҷавобашон хоҳад дод. Ҳамчунин ваъдаи раҳоиро дар вазорати умури дохила низ ба ӯ додаанд. Ба қавли холаи Шамъистон, Раҳмиддин, сарвари Раёсати кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар Тавилдара ширкаткунандаи даргириҳо набуда, баръакс бо исрори мақомот назди бародаронаш барои музокирот рафтааст.

«Озодагон» - нашрияи дигар матлаби аслиашро «Ватандор кист?» унвон кардааст. Муаллифи матлаб менависад, як дастгоҳи хурди истеҳсоли хишт 2 ҳазор ва дастгоҳи аз пунба нахкаш 50 ҳазор доллар қимат доранд, ки ҳадди ақалл аз истифодаи онҳо 100 нафар соҳиби кор мешаванд, аммо мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон қудрати ба 1 миллион доллар бунёд кардани қасрашонро доранду баҳона меоранд, ки ба сармоя эҳтиёҷ доранд.

Дар матлаб омадааст, оддитарин колои бозорҳои кишвар хориҷианд, ки онҳоро мешавад дар дохил истеҳсол кард. Муаллиф хулоса мекунад, ки омили асосии қафомондагӣ, фақр, фасодзадагӣ бӯҳрони маънавӣ, пастии сатҳи иҷтимоӣ ва мушкилоту маҳрумиятҳои зиёди дигар дар Тоҷикистон адами эҳсоси ватандории мардуми он аст.
XS
SM
MD
LG