Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Эрон аз Оҷонси Энержии Атомӣ


Давлати Эрон хостааст, то дар як конфронси бузурги байналмилалие, ки тирамоҳи имсол баргузор мешавад, масъалаи манъи ҳамла ба таъсисоти атомӣ баррасӣ шавад. Дар ин ҷаласаи солонаи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ намояндагони 150 кишвар ҳузур хоҳанд дошт. Хабаргузории “Ассошиейтед Пресс” мегӯяд, дипломатҳои эронӣ ва намояндаи доимии Эрон дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ин хабарро таъйид карда, аммо гуфтаанд, ки пешниҳоди онҳо ба таҳдидҳои Исроил барои ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон иртибот намегирад. Алиасғар Султония намояндаи Эрон дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфтааст, кишвараш хоҳони “ба таври усулӣ” мамнӯъ кардани чунин ҳамлаҳост. Созмони Милали Муттаҳид барои сарпечии Эрон аз боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум се маротиба ба зидди ин кишвар таҳримоти байналмилалӣ эъмол кардааст. Эрон мегӯяд, фаъолиятҳои атомиаш ҳадафҳои сулҳомез дорад ва ба хотири тавлиди бомби атомӣ нест.
XS
SM
MD
LG