Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EBRD 25% саҳмияҳои бонки тоҷикиро гирифт


Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд бо ихтисоси 12 миллион доллар қарз ба “Агроинвестбонк”-и Тоҷикистон бештар аз 25 дар сади саҳмияҳои ин бонкро соҳиб хоҳад шуд. Бонки мазкур бо нашри як баёния, гуфтааст, чун “Агроинвестбонк” яке аз муҳимтарин сармоягузорони соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон аст, афзоиши сармояи он дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодии он кишвар мусоидат хоҳад кард. “Агроинвестбонк”, ки бештар ба муассисаҳои кишоварзӣ қарз медиҳад, дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон ҳам фаъолият мекунад, ки дарёфти қарзу сармоя барои соҳибкорӣ дар он манотиқ мушкил аст. Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд мегӯяд, ҳаҷми кӯмаку сармоягузориҳои ваъда кардааш ба то Тоҷикистон тақрибан 200 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG