Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти номаълуми бомбгузори Локкербӣ


Ҳукумати Шотландия мегӯяд, ҳанӯз дар мавриди сарнавишти марди либиёӣ, ки соли 1988 ба бомбгузорӣ дар як ҳавопаймои амрикоӣ 259 нафарро кушт, тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Абдулбасит Ал-Миқроҳӣ барои ҷо гузоштани бомб дар ҳавопаймои Пан Американ ба ҳабси абад маҳкум шудааст, ки 18 декабри соли 1988 бо 259 нафар сарнишинаш дар шаҳри Локкербии Шотландия суқут кард ва 11 нафари дигарро низ дар маҳалли суқут кушт. Расонаҳои Бритониё гузориш доданд, мақомот мехоҳанд, бо нишони раҳму шафқат Ал-Миқроҳиро, ки мубталои саратони кушандаи ғадуди простата аст, аз зиндон раҳо кунад. Аммо ҳукумати Шотландия гуфт, "то ҳол қароре дар ин замина қабул нашудааст."
XS
SM
MD
LG