Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мансур Яҳёев, мураббии теннисбозони тоҷик, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) баргузор шуд, 64 нафар писарон ва 64 нафар духтарони то 18-сола аз кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ, мисли Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.

Шарафи Тоҷикистонро ду теннисбози ҷавон - Аҳмадҷони Муҳаммад ва Бахтиёр Саъдуллоев - ҳимоя карданд.

Аҳмадҷони Муҳаммад дар рақобатҳои инфиродӣ дар бозии ҳалкунанда бар намояндаи Русия Денис Столяров дар ду даст бозӣ бо ҳисоби якхелаи 6:4, 6:4 пирӯз шуда, мақоми севумро касб намуд. Бахтиёр Саъдуллоев бошад, байни 64 нафар дар ҷои 9-ум қарор гирифт.

Инчунин теннисбозони тоҷик дар сабқати дунафарӣ то ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, барои ҷои севум бар теннисбозони Қазоқистон бо ҳисоби 7:5, 6:2 ғолиб шуданд.

Ба иттилоъи Мансур Яҳёев беҳтарин теннисбозони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷавоизи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки аз 15-ум то 19-уми август дар майдони тенниси муҷтамаъи ҷадиди варзишии шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқа ба ғайр аз мизбонон, инчунин, теннисбозони Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон иштирок хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG