Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Киев паёми дурушти Медведевро маҳкум кард


Раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Украина Дмитрий Медведев ва Виктор Юшенко

Раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Украина Дмитрий Медведев ва Виктор Юшенко

Раиси дастгоҳи раисиҷумҳури Украина лаҳни «пархошҷӯёнаи» паёми раҳбари Русия Дмитрий Медведев ба Виктор Юшенкоро маҳкум намуд.

Вера Улянченко, раиси дастгоҳи раисиҷумҳури Украина, гуфт, раҳбарияти Русия “гаравгони тасаввуротҳои қадимаи султаҷӯёна” боқӣ монда, бо ҳамсоягонаш танҳо бо забони тавҳину таҳдид сӯҳбат мекунад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин ба ин изҳороти мақомдори Украина посухи сареъ дода, Улянченкоро дар тафсири нодуруст ва барқасдонаи паёми президент Медведев муттаҳам намуд.

Дар паёмаш Медведев рӯйхати даъвоҳо ва шикоятҳо алайҳи Юшенкоро овардааст, аз ҷумла айбдор кардани Киев дар таъмини Гурҷистон бо аслиҳа дар пешорӯи ҷанги августи соли гузашта дар Осетияи Ҷанубӣ, таҳрифи таърихи шӯравӣ бо изҳоротҳое, ки гуё Ҳолодомор ё худ Гуруснагии бузурги солҳои 30-юм куштори дастаҷамъии украиниҳост ва иттиҳомоти дигаре назири ин.

Раҳбарияти Русия "гаравгони тасаввуротҳои қадимаи султаҷӯёна" боқӣ монда, бо ҳамсоягонаш танҳо бо забони тавҳину таҳдид сӯҳбат мекунад ...
Медведев ҳукумати Юшенкоро дар овардани фишор ба забони русӣ ва эҷоди монеъаҳо ба фаъолияти пойгоҳи дарёии Русия дар Баҳри сиёҳ воқеъ дар шаҳри Севастопол низ айбдор кард.

Дар навори видеоӣ дар сомонаи интернетиаш Медведев шарҳ медиҳад, ки то расидани “замони нав” сафирашро ба Киев ирсол нахоҳад кар.

Вай меафзояд, “ман мутмаъинам, ки замони нав мерасад. Аммо дар шароити кунунӣ, ман тасмим гирифтам, сафири навамонро ба Украина нафиристам. Вай ба иҷрои вазифааш дертар шурӯъ мекунад. Вақти аниқашро суръати воқеии беҳбуди муносибатҳоямон муайян хоҳад кард. Ман мутмаъинам, ки робитаҳои бисёрҷонибаи Русия ва Украина бармегарданд, дар сатҳи боз ҳам баландтари мушорикати стротежӣ. Ва ин замон дур нест. Ман умед дорам ки раҳбарияти нави Украина барои ин омода хоҳад буд.”

Ин паёми хеле дуруштлаҳни Медведев дар ҳоле садо дод, ки Украина ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ омодагӣ мегирад. Қарор аст, ин раъйгирӣ 17 январ доир гардад. Тибқи натиҷаҳои назарсанҷиҳо, аз Юшенко 4 дарсади мардум, аз нахуствазир Юлия Тимошенко - 10 ва аз раҳбари ҳизби мухолифи минтақаҳои Украина Виктор Янукович - 20 фоизи аҳоли пуштибонӣ мекунанд.

Аксари таҳлилгарон ин ташаббуси Медведевро ҳамчун кӯшиши овардани фишор ба ин маъракаи муҳими интихоботӣ дар Украина арзёбӣ мекунанд.

Марек Сивиес, узви лаҳистонии порлумони Аврупо, мегӯяд, “ин оғози дахолати Русия ба маъракаи интихоботии Украина аст. Ба назари ман, лаҳни сиёсатҳои султаҷуёнаро дар Аврупо бисёр хуб мешиносанд. Русҳо мехоҳанд дар раванди интихоботи раёсатҷумҳурӣ фаъол бошанд ва онҳо инро намоиш доданд. Вассалом.”

Аммо раисиҷумҳури собиқи Украина Леонид Кучма мегӯяд, раисиҷумҳури ояндаро на Кремл, балки худи интихобкунандагон бар хоҳанд гузид, ки кӣ хоҳад шуд. Кучма гуфт, ки интихоби президент ҳақи мардуми Украина аст ва Русия бояд инро қабул кунад. Ва Маскав наметавонад ба мардуми кишвари мустақил хости худро таҳмил кунад.

Бо вуҷуди ин баъзе шореҳон ишораҳои Медведевро бисёр ҷидди меҳисобанд. Онҳо мегӯянд, Маскав мехоҳад бо ин роҳ намоиш диҳад ки аз ҳукумати кунунии Украина норозист ва ба неруҳои рубарусияи кишварҳои ҳамсоя паёми возеҳ мефиристад ки ҳукумати Киев бояд иваз шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG