Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳои маргбор бо Толибони Вазиристон


Даргириҳои байни гурӯҳи тарафдорони давлати Покистон ва ҷангиёни Толибон мунҷар ба ҳалокати дасти кам 70 нафар шудааст.

Ҷангиёни марбут ба як фармондеҳи қабилавии Вазиристони ҷанубӣ бо номи Туркистон Битанӣ бо тақрибан 300 ҷангии Толибон вориди задухӯрде шудаанд, ки чанд соат идома кардааст. Артиши Покистон ба ин минтақа чархболҳои низомӣ фиристодааст.

Вазиристони ҷанубӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, ахиран ба маркази задухурдҳо миёни нерӯҳои давлатии ин кишвар бо ҳаракати Толибон табдил ёфтааст. Танҳо тайи як моҳи ахир бар асари даргириҳои низомӣ дар ин минтақа садҳо ҷангиёни Толибон ва даҳҳо сарбозони давлатӣ кушта шудаанд.

Да ин минтақаи Покистон, ки маҳалли сукунати қабилаҳои мухталиф мебошад, ҷангиёни толиб таҳти раҳбарии яке аз пешвоёни ҳаракати Толибон Байтуллоҳ Маҳсуд фаъоланд. Қаблан бархе аз сарчашмаҳои Покистон иттилоъ доданд, ки раҳбари толибони Вазиринстони ҷанубӣ Байтуллоҳ Маҳсуд дар пайи як ҳамлаи мӯшакии ҳавопаймои амрикоӣ кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG