Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои сангин дар як гӯшаи Вазиристон


Даргириҳои сангин байни толибон ва ҷангиёни марбут ба як фармондеҳи тарафдори давлати Покистон дар Дараи Исмоилхон мунҷар ба ҳалокати дастикам 70 нафар ва тахриби даҳҳо манзил шуд.
Тарафдорони фармондеҳи қабилавӣ Туркистон Битанӣ рӯзи чоршанбе дар ин гӯшаи устони марзии Вазиристони ҷанубӣ бо тақрибан 300 ҷангии толиб вориди задухӯрде шудаанд, ки чанд соат идома кардааст. Артиши Покистон ба ин минтақа чархболҳои низомӣ фиристодааст. Раҳбари Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд ҳафтае пеш маҳз дар ҳамин қаламрав аз ҳамлаи мушакии нирӯҳои Амрико кушта шуд.
XS
SM
MD
LG