Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон хостори манъи ҳамла ба корхонаҳои ҳастаист


Эрон хостори аз ҷониби СММ манъ шудани ҳамлаҳои низомӣ болои корхонаҳои ҳастаӣ шудааст. Дар пешниҳоде, ки дар Вена нашр шуд, Эрон гуфт, ки мехоҳад ин мавзӯъро моҳи оянда дар анҷумани умумии Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ дар миён гузорад.
Ин пешниҳодро ибтидо хабаргузории амрикоии Ассошиэйтед Пресс нашр ва баъдан намояндаи Эрон дар Ожонси ҳастаӣ Алиасғар Султония онро таъйид кард.
Дипломатҳо мегӯянд, ҳадаф таҳти фишори бештар қарор додани Исроил аст, ки истифода аз ҳамлаҳои ҳавоӣ бо ҳадафи тахриби барномаҳои ҳастаии Эронро истисно намекунад.
Аммо Алиасғар Султония гуфт, Эрон аз Исроил наметарсад ва танҳо ҳадафаш билкулл манъ кардани ҳамалот болои таъсисоти ҳастаӣ дар саросари дунёст.
XS
SM
MD
LG