Пайвандҳои дастрасӣ

Даъват ба "қатъи шикор"-и ҳомиёни ҳуқуқи башар


Созмони “Афви байналмилалӣ” аз ҷомиаи байналмилалӣ даъват кард, бо талаби “қатъи шикори фаъолони ҳуқуқи башар” ба Русия фишор биоварад. Ин даъват ба дунболи қатли Зарима Саъдуллоева ва Алӣ Ҷабраилов, ду ҳомии дигари ҳуқуқи башар дар Чеченистон садо медиҳад. Моҳи гузашта дар Чеченистон Наталя Эстемирова, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи инсон, низ дар натиҷаи сӯъиқасд кушта шуд.
“Афви байналмилалӣ” мақомоти Русия ва Чеченистонро айбдор кард, ки дар таҳқиқи қатли фаъолони ҳуқуқи башар “ ба таври мунтазам ва давомдор саҳлангорӣ мекунад. Ин созмон чунин муносибатро “аломати қавии дасти кам чашм пӯшидани мақомот нисбат ба чунин ҷиноёт” номидааст.
XS
SM
MD
LG