Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт дар Навзод ва ҳамла дар Кундуз


Нирӯҳои Амрико дар ҷануби Афғонистон алайҳи чирикиҳои толиб амалиёти густардаеро оғоз кардаанд. Ҳадаф аз амалиёт дар улусволии Навзоди вилояти Ҳилманд, ки дар он 400 маллоҳи амрикоӣ ва 100 сарбози афғон ширкат меварзанд, ҷилавгирӣ аз иқдомоти Толибон бо ҳадафи тахриби интихоботи рӯзи 20 августи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон гуфта мешавад. Дар ҳамин ҳол, ҷангиёни толиб дар вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон ба қароргоҳи пулис дар як улусволӣ ҳамла бурда, раҳбари пулис ва дасти кам як маъмури ӯро ба ҳалокат расондаанд.
XS
SM
MD
LG