Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин посухи Киев ба паёми тунди Медведев


Як мақоми аршади Украина лаҳни тунди муроҷиати раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба раҳбарони Украинаро “пархошҷӯёна” номида гуфтааст, мухотаби Медведев натанҳо як раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко, балки тамоми кишвар буд. Вера Улянченко, мушовири аршади Юшенко, гуфт, раҳбарони Русия то ҳол дар чордевори боварҳои қадими султаҷӯёна асир мондаанд. Медведев рӯзи сешанбе дар паёме ба Виктор Юшенко хатти машши сиёсии Киев, аз ҷумла азми он кишвар ба сӯи НАТО, тафсири ҳаводиси таърихӣ ва кӯмакҳои низомии Украина ба Гурҷистонро сиёсати “зиддирусӣ” номид.
XS
SM
MD
LG