Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як муҳоҷири тоҷик аз заҳролудшавӣ


Дирӯз як муҳоҷири тоҷик дар вилояти Маскави Русия бар асари истеъмоли ғизои вайрон ҳалок шудааст. Мақомоти ҳолоти изтирории вилоят мегӯянд, дар маҷмӯъ 8 коргари як корхонаи тавлиди ғизо дар рустои Елино, ки шаҳрвандони Тоҷикистонанд, бо аломати заҳролудшавӣ бистарӣ шудаанд ва як нафари онҳо даргузаштааст. Вазъи боз чанд тани дигар аз маризон вахим арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG