Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон 7,7 миллион $ кӯмаки изофӣ хостааст


Давлати Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалии имдодӣ ба манзури рафъи авоқиби офоти табиӣ ва кӯмак ба мардуми аз селу обхезиҳо зарардида аз ҷомиаи ҷаҳонӣ 7 миллиону 700 ҳазор доллар кӯмаки иловагӣ хостааст.
Дар муроҷиатномаи муштараки ҳукумат ва созмонҳои имдодӣ гуфта мешавад, ки офоти табиӣ дар баҳори имсол мунҷар ба ҳалокати 26 нафар ва тахриби беш аз 2000 сохтмон, аз ҷумла манозили истиқоматӣ, дар навоҳии мухталифи Тоҷикистон шуд. Муроҷиатнома меафзояд, беш аз 2000 нафар дар пешорӯи зимистон ба манзили муносиб ва зиёда аз 20 000 нафар ба дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ниёз доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG