Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои "таваққуфи шикори фаъолони ҳуқуқи башар"


Дар паи куштори ду ҳомии ҳуқуқи башар дар Чеченистон созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар Amnesty International ва ё Афви байналмилал аз ҷмоеаи байналмилал даъват кард аз Русия "таваққуфи шикори фаъолони ҳуқуқи башар"-ро тақозо намояд. Ҳафтаи равон ҳомиёни ҳуқуқи башар Зарема Саъдуллоева ва шавҳараш Алик Ҷабраилов ба қатл расиданд. Як моҳ пеш аз он ҳомии дигари ҳуқуқи башар Наталя Эстемирова кушта шуда буд.

Дар изҳороти Amnesty International, ки имрӯз дар Лондон ба табъ расид, мақомоти Русияву Чеченистон бо нокомӣ дар тақиқи кушторҳо ва муҷозоти қотилон муттҳам шудаанд.
XS
SM
MD
LG