Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз истирдоди Салимзода худдорӣ кард


Идораи додситонии кулли Тоҷикистон тақозои истирдоди Муҳаммадӣ Салимзода ба Қирғизистонро рад кардааст. Ин иттилоъро хабаргузориҳои Тоҷикистон бо такя ба маълумот аз идораи додситонии кулли ҷумҳурӣ интишор намудаанд. Собиқ афсари ниҳодҳои қудратии Қирғизистон Муҳаммадӣ Салимзода, ки аслан зодаи Тоҷикистон аст, моҳи августи соли 2008-ум дар Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуд. Моҳи марти соли равон додгоҳи Тоҷикистон Салимзодаро бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва ҷосусӣ ба муддати 29 сол аз озодӣ маҳрум кард. Хабаргузории Ховар навиштааст, ки бар пояи қонунҳои Тоҷикистон истирдоди афроди муттаҳам бо ҷосусӣ манъ мебошад.
XS
SM
MD
LG