Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ба Абхозистон сафар кард


Барои аввалин бор аз замоне, ки Русия истиқлоли Абхозистонро эътироф намудааст, сарвазири Русия Владимир Путин аз ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон зиёрат кард. Сарвазири Русия мегӯяд:

"Соли оянда мо пули зиёде-15 миллиард рублро барои таъмини амнияти Абхозистон: бунёди пойгоҳи низомиамон ва марзи Абхозистон масраф мекунем."

Соли гузашта баъди кӯшиши нокоми ишғоли Осетияи Ҷанубӣ аз тарафи нерӯҳои Гурҷистон Русия Осетияи Ҷанубиву Абхозистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба расмият шинохта, ҳазорҳо сарбозашро дар он минтақаҳо ҷойгир кардааст.
XS
SM
MD
LG