Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашни 60-умин солгарди имзои аҳдномаҳои Женева


Имрӯз шастумин солгарди имзои аҳдномаҳои Женева, ки тарзи пешбурди ҷангро муқаррар мекунанд, ҷашн гирифта мешавад. Чор аҳднома, ки соли 1949 имзо шудаанд, ҳифзи мардуми мулкӣ, маҳбусон, маҷрӯҳон ва ходимони созмонҳои башардӯстона дар шароити ҷангро дар бар мегиранд. Бо истифода аз пайти муносиб Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, ки назорати иҷрои ин аҳдномаҳоро бар дӯш дорад, аз 194 кишвари имзо гузошта даъват кард, дар иҷрои ӯҳдадориҳояшон масъулияти бештар нишон диҳанд.
XS
SM
MD
LG