Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далоили қатъи пахши барномаҳои радиои "Имрӯз"


Сар аз рӯзи 11-уми август пахши барномаҳои радиои мустақили "Имрӯз" қатъ шудааст.

Масъулони ин расона гуфтаанд, аз 27-уми июл дар пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" мушкилиҳо пеш омада, ду ҳафтаи ахир ин барномаҳо аз фиристандаҳои эҳтиётӣ пахш мешудааст.

Мақомоти ширкати саҳҳомии "Телерадиоком" гуфтаанд, қатъи пахши барномаҳои "Имрӯз" ба иллати фаннӣ рӯй дода, ин ҳодиса ҷанбаи сиёсӣ надорад. Ин бори дувум аст, ки барномаҳои радиои "Имрӯз" мутаваққиф мешавад.

Нусрат Нозирӣ, як хабарнигори радиои Имрӯз ба радиои Озодӣ перомуни далоили қатъ шудани пахши барномаҳои ин расона гуфт, бо вуҷуди мушкилоти пешомада ҳадди ақал то 11-уми август барномаҳои радиои Имрӯз дар Душанбе шунида мешуд, вале баъдан мавҷи ФМ-и 107 нуқта 4, ки барномаҳои радио дар ҳамин мавҷ пахш мешуд, якбора хомӯш гашт.

Мақомоти ширкати “Телерадиоком” аз шарҳи масъалаи худдорӣ варзидаанд. Вале раиси ин ширкат Сӯҳроб Алиев гуфтааст, ки пахши барномаҳои радиои Имрӯз ба далоили фаннӣ муттаваққиф шудааст. Оқои Алиев аз ҷумла ба вуҷуди мушкил дар пахши садо дар минтақаи Гусхор, мақари фиристандаҳои радиои Имрӯз, ишора кардааст.

Мақомоти радиои Имрӯз низ гуфтаанд, ин радио пули иҷора ва ҳаққи пардохти пахши барномаҳояшро ба “Телерадиоком” саривақт мепардохт ва фикр намекунанд, ки мушкил ҷанбаи молӣ дошта бошад.

Радиои Имрӯз, марбут ба ширкати Ориён-Медиа ду сол пеш, дар таърихи 9 августи соли 2007 ба пахши барномаҳояш рӯи мавҷи 107 нуқта 4 оғоз кард.

Қатъи ногаҳонии барномаҳои радиои Имрӯз бори аввал нест. Тайи ду соли фаъолияти ин шабака бори севвум аст, ки пахши гуфторҳои он мутаваққиф мешавад. Бори аввал моҳи апрели соли гузашта Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон пахши ин радиоро рӯи амвоҷи FM давоми 8 рӯз мутаваққиф кард ва баъдтар дар остонаи нахустин солгарди таъсиси ин радио дар моҳи август низ барномаҳои он ба муддати 15 рӯз қатъ гашта буд.

Ва сабабҳои ин ду ҳодисаи қаблии таваққуфи барномаҳои Имрӯз ба мушкилоти фаннӣ рабт дода мешуд.
XS
SM
MD
LG